LIMSwiki

Карвиё
Шоҳзира
Шоҳзира.
Намуди умумии рустании гулкарда
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Carum carvi L., 1753
Мутародифот
Carum velenovskyi Rohlena

Карвиё (лот. Cárum cárvi), зираи порсӣ, зираи сиёҳ, кибрак, шоҳзирагиёҳест ду ё бисёрсола.

Тавсифоти ботаникӣ

То 30 – 100 см қад мекашад. Пояи дорунхолии рост, барги пармонанд, гули майдаи сафед дорад. Июн – июл гул карда, август тухм мебандад. Дар марғзори сернам, саҳрою алафзори беша, канори роҳу қад – қади ҷӯй, соҳили дарёҳо месабзад.

Паҳншавӣ

Дар қаторкӯҳҳои Зарафшон, Туркистон, Ҳисору Дарвоз, ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ, Помири Ғарбӣ ва Шарқӣ (дар баландии 800 – 3500 м аз сатҳи баҳр) вомехӯрад.

Хосияти шифоӣ

Карвиё гиёҳи шифобахш аст. Абӯалии Сино тухми онро чун давои бодрон, киҷҷарон, иштиҳоовар, қайбанд, пешоброн, тапиши дил истифода кардааст. Бино ба маълумоти муаллифи «Махзану-л-адвия» карвиё барои муолиҷаи зиқи нафас, тапиши дил муфид аст, иштиҳоро мекушояд, қайро бозмедорад, пешобро меронад. Истеъмоли доимии он бемории меъдаро шифо мебахшад. Дар тибби халқӣ ҷӯшоби тухми карвиёро ҳангоми сустии кори меъда, исҳоли кӯдакон, камхунӣ, хунравии бачадон тавсия медиҳанд. Нақеъи баргу пояи тару тозаи онро барои муолиҷаи сулфа, бемории узвҳои нафас, рахит, заъфи кори меъдаву рӯда ва чун омили пешоброн истифода мебаранд.

Дар тибби халқии тоҷикон бо ҷӯшоби тухми карвиё газак ва захми меъдаву рӯдаро муолиҷа мекунанд. Тухми онро («коравдору») ҳамчун воситаи тақвиятбахши организм истифода мебаранд. Ба ақидаи табибони халқӣ истеъмоли карвиё ахлоти баданро нарм ва рақиқ мегардонад, дарунро мебандад, бухори зарарноки аз сар барояндаро манъ мекунад. Агар онро маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, нури чашмро тез мегардонад. Вале агар онро аз ҳад зиёд ба чашм кашанд, чашмро хира мекунад. Истеъмоли карвиё оруғ меоварад, иштиҳоро мекушояд, вайрон шудани таомро дар меъда ва турш гаштани онро дар ин узв манъ менамояд; қай ва дарди рӯдаҳоро даво мебошад, пешобро меронад, дарди маъда ва рӯдаҳоро таскин медиҳад, баданро қувват мебахшад ва фарбеҳ мекунад, кирмҳои рӯда ва меъдаро мекушад. Агар 10,5 г ин зираро бо 25 г равғани зайтун ҳар рӯз то як ҳафта бихӯранд, истисқоро дармон мешавад. Дар обе, ки карвиё ҷӯшонда шуда бошад, занҳо то ноф даромада нишинанд, дардҳои бачадонро дафъ мекунад. Тухмашро сӯхта, ос карда гузошта банданд, бавосирро хушк карда меафтонад. Дар амалияи тибби муосир бо тухм, равған ва оби карвиё сустии кори рӯдаҳо ва хала дармон бахшида мешавад.

Эзоҳ

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».

Адабиёт

  • Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972;
  • Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974;
  • Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.