IHE Wiki

Абдурраҳмони Ҷомӣ
Таърихи таваллуд: 7 ноябр 1414[1][2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 9 ноябр 1492[1][2] (78 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда, назарияпардози мусиқӣ, файласуф
Забони осор: тоҷикӣ, арабӣ[3] ва форсӣ[3]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Нуруддин Абдурраҳмон ибни Аҳмади Ҷомӣ (форсӣ: نورالدّین عبد الرّحمن بن احمد بن محمد جامی‎), машҳур ба Ҷомӣ форсӣ: جامی‎; 7 ноябр 1414[1][2], Турбатиҷом, устони Хуросони Разавӣ9 ноябр 1492[1][2], Ҳирот) — шоир, мусиқидон, забоншинос, адабиётшинос, таърихнигор ва орифи форс-тоҷик.

Зиндагинома

Нуриддин Абдурахмони Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харгарди вилояти Ҷом, наздикии шаҳри Нишопур ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷомӣ мардони бофазлу дониш буданд. Ҳангоме, ки Ҷомӣ 11 — сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меоянд. То ин дам Абдураҳмон дар Ҷом, дар назди падараш Низомиддин Аҳмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу наҳви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд. Дар ин бора яке аз шогирдони вафодори Ҷомӣ Абдулғафури Лорӣ чунин менависад: «Рӯзе сухан аз устодон ва муаллимони ҳазрати эшон (Ҷомиро дар назар дорад) дар миён афтод, фармудаанд, ки мо ба ҳақиқат шогирди падари худем, забон аз вай омӯхтаем».

Таҳсил

Баъд аз ин Абдураҳмон дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия таҳсили илмро давом медиҳад. Ӯ дар назди Мавлоно Ҷунайдӣ усули забони арабӣ, асарҳои «Мухтасарулмаонӣ», «Алмутаввал»-и Саъдиддини Тафтазониро, ки оид ба илми баён буданд, омӯхта доир ба илмҳои ҳикмат ва мантиқ аз олимони машҳури замон Хоҷа Алии Самарқандӣ ва Шаҳобиддин Муҳаммади Чочармӣ сабақ мегирад. Ҷомӣ аз кӯдакӣ зеҳни бурро ва ақли расо дошт. Ӯ дорои хислати аҷибе буд — ба ҳар як чиз, ба ҳар як ҳодиса аз нуқтаи назари танқидӣ, кунҷковӣ назар мекард, бештар ба илмҳои дақиқ майлу рағбат дошт. Ҷомӣ ба як бор хондан моҳияти асосии масъаларо дарк мекард. Ӯ монанди шогирдони дигар дар баҳсу мунозираҳо худнамоӣ намекард, баръакс, дар он ҷойҳо орому ботамкин буд. Суханони Ҷомӣ қатъӣ буданд ва бурҳону далелҳои раднашаванда доштанд. Аз ин рӯ, ӯ ҳамеша дар баҳсу мунозираи муллобачагон ғолиб мебаромад.

Қобилияту истеъдоди Абдураҳмони Ҷомӣ чунон бузург буд, ки ҳатто устодон аз уҳдаи дарс додани ӯ баромада наметавонистанд. Дар ин бора муаллифи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» Зайниддин Маҳмуди Восифӣ нақли аҷибе овардааст, ки он «Хамсаи мутаҳайира» («Панҷгонаи ҳайратовар») ном дошта, мазмуни зерро дар бар мегирад. Онҳо панҷ нафар буданд, панҷ нафар толибилм, донишҷӯ. Ҳоло онҳо дар ҳуҷраи мадраса нишаста, устоди худро интизоранд. Устод Мавлоно Муҳаммади Чочармӣ вориди ҳуҷра шуд. Шогирдон — Абдураҳмон, Ҳусайн, Шамсиддин, Довуд, Муиниддин аз ҷой хеста ба устод салом доданд. Дарс сар шуд, муаллим аз онҳо вазифаи хонагиро пурсид. Ҷавоби пурра ва саҳеҳ медоданд. Мавлоно ба шогирдон асари олими машҳур «Шарҳи тарид»-и Мавлоно Алии Кушчиро тадрис мекард. Ҳангоми шарҳу маънидоди баъзе масъалаҳои асар дар байни муаллиму шогирдон баҳсу мунозира авҷ мегирифт, гоҳо шогирдон ғолиб мебаромаданд. Чӣ бояд кард? «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гуфтаанд, андеша мекард, роҳ меҷуст устод. Пас фикру тадбир он аст, ки ман худамро касал кунам ва шогирдонро дар кӯи бекорӣ андозам. Вале бояд ман дар ин муддат шабу рӯз мутолиа кунам ва ба дарсгӯии шогирдон нағзтар тайёр шавам. Мавлоно Муҳаммади Чочармӣ шогирдонро ба муҳлати 40 рӯз бо сабаби «касалӣ» ва ба «табобат» машғул шудани худ ҷавоб дод. Вале шогирдон сабаби касалии устоди худро пай бурданд. Бинобар ин онҳо қарор доданд, ки ҳар рӯз дар масҷиди Мулкон ҷамъ омада, як нафарашон муаллим шавад. Ба ҳамин тариқ, дар муддати 40 рӯз ба навбат дарс гуфтанд ва дониши худро такмил доданд. Мавлоно Чочармӣ ҳам дар ин муддат шабу рӯз пайваста дар мутолиа буд. Барои шогирдони «гапнодаро» саволу супоришҳои ниҳоят душворро тайёр мекард. Ӯ аз он хурсанд буд, ки дониши зиёде гирифтааст ва он метавонад ба таълими яксолаи шогирдон кифоят кунад. Ниҳоят рӯзи 40-ум ба шогирдон хабар медиҳанд, ки устод аз «бистари беморӣ» хестааст ва имрӯз дарс мегӯяд. Онҳо ба дарс ҳозир шуданд. Мавлоно ба шарҳи як масъалаи мураккаб сар кард. Шогирдон пеш аз устод ҷавоб доданд. Мавлоно ҳайрон шуд ва гуфт: «Шогирдони азизам, ман касал набудам, мутолиа кардам, хондам, то ки ба шумо дарс гӯям. Вале, хушбахтона, шумо бузург, устод шудаед, ҷавон ҳам бошед, дигар шуморо ҳеч кас қудрати дарс додан надорад. Ҳамаи илмҳоро аз худ кардаед. Ба шумо роҳи сафед металабам». Он чор нафар шарикдарсони Ҷомӣ, ки зикрашон дар боло рафт, дар ҳақиқат олимони машҳури замони худ шуданд.

Баъд аз ин ҳодиса Абдураҳмони Ҷомӣ дар синни 23-солагиаш ба Самарқанд меояд. Ҷомӣ чанд муддат дар назди Қозизодаи Румӣ аз илмҳои ҳисоб, риёзиёт ва нуҷум таълим мегирад. Ӯ на танҳо дар назди устодаш дарс мехонд, балки ба корҳои илмии Қозизода ёрӣ мерасонд. Ӯ бештар дар баҳсу мунозираҳои олимони машҳур ҳозир мешуд ва агар лозим медонист, сухан мегуфт. Ҷомӣ суханро дароз намекард. Суханҳояш муъҷаз ва бомаънӣ буданд. Дар ҷамъомади шоирон иштирок карда, бо тааммул гӯш мекард. Вале шеър намегуфт. Пай бурдан душвор набуд, ки Ҷомӣ ба ин пешаи эҷодӣ шавқи беандоза дорад.

Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1453 ба Ҳирот меояд. Ӯ аввал хост ба хидмати дарбор равад, вале одати хушоматгӯӣ надошт ва нарафтанро афзалтар донист. Боз чанд муддат ба таҳсили илм, аз ҷумла, илми шеър машғул гардид. Дар ин айём Ҷомӣ бо яке аз бузургони ҷараёни нақшбандия Саъдиддини Қошғарӣ (ваф. 1456) шиносоӣ пайдо карда, ин фирқаро қабул мекунад. Пас аз марги устоди рӯҳонии худ — Саъдиддини Қошғарӣ, Ҷомӣ роҳбари маслаки нақшбандияи Хуросон мешавад. Ӯ муридон (шогирдон)-и зиёд дошт, ба онҳо таълим медод, нозукиҳои маслаки нақшбандияро меомӯзонд. Абдулғафури Лорӣ яке аз муридони бовафои Ҷомӣ ба ҳисоб мерафт. Абдураҳмони Ҷомӣ 19 ноябри соли 1492 дар Ҳирот аз олам чашм пӯшид. Дар ҳамин ҷо ба хок супорида шудааст.

Мероси адабӣ

Абдураҳмони Ҷомӣ умри дарозу пурбаракате дидааст. Вале онро зоеъ нагузаронида, барои наслҳои оянда осори пурарзиши илмию адаби мерос гузоштааст. Ӯ қариб 50-соли ҳаёти худро ба офаридани асарҳои илмӣ ва сурудани ашъори дилангезу достонҳои барҷаста сарф кардааст. Шогирдон ва ҳамзамонони Ҷомӣ микдори асарҳои ӯро аз 46 адад зиёд медонанд. Масалан, дар ин бора шогирди наздики Ҷомӣ Камолуддин Биноӣ чунин мегӯяд:

Ҷомӣ, он офтоби нуронӣ,
Он мунаввар ба нури субҳонӣ.
Буд аз чил зиёд таснифаш,
Рӯ дар эъҷоз кард таълифаш.

Соли 1503 куллиёти Ҷомӣ аз тарафи дӯстонаш тартиб дода мешавад, ки он нусҳа то замони мо омада расидааст. Асарҳое, ки дар куллиёти адиб ҷамъ оварда шудаанд, илмҳои гуногун: нуҷум, фалсафа, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, тафсир, ҳадис, фикх, ахлоқ, мусиқӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Махсусан, асарҳои илмие, ки доир ба арӯзу қофия, мусиқӣ иншо шудаанд, қимату арзиши зиёд доранд. Асари тарҷумаҳолии ӯ «Нафаҳот-ул-унс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад, ки аксарияти онҳо уламо, шайхони бузурги асрҳои гузашта ва шоиронанд. Дар «Алфавоидуззиёия» Ҷомӣ дар бораи қоидаю қонуни забони арабӣ ва усули таълими он фикру мулоҳизаҳои судбахш баён мекунад. Ҳоло ҳам дар баъзе мадрасаҳою мактабҳои Ховар асари мазкур ҳамчун китоби дарсӣ барои омӯхтани забони арабӣ истифода мешавад. Вале бояд эътироф кард, ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърих ҳамчун нависанда ва шоир маълуму машҳур аст. Шуҳрату эътибори Ҷомӣ ҳамчун шоир ба кишварҳои гуногун паҳн шудааст. Ба ин нуқта худи Ҷомӣ ишорат карда мегӯяд:

Агар ба форс равад корвони ашъорам,
Равони Саъдию Ҳофиз кунандаш истиқбол.
В-агар ба Ҳинд расад Хусраву Ҳасан гӯяд,
Ки: «Эй ҷаҳони ҳунар, марҳабо, таол, таол!»

Аз Ҷомӣ се девон, «Ҳафт авранг» (иборат аз ҳафт маснавӣ), «Баҳористон» ва «Чиҳил ҳадис» ба мо омадааст, ки ҳар кадоми онҳо дорои аҳамияти калони адабиву эстетики мебошанд. Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолияти адабии худро аз сурудани ашъори лирики — ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа ва ғайра сар кардааст ва то охири умр онро давом додааст. Дар эҷодиёти шоир ғазал мавқеи асосӣ дорад. Масалан, дар девони аввал — «Фотиҳат-уш-шубоб» 1016 ғазал, дар девони дуюм — «Воситат-ул-икд» 493 ва дар девони сеюм — «Хотимат-ул-ҳаёт» 296 ғазал омадааст, ки миқдори умуми онҳо 1805 ғазалро ташкил медиҳад. Ба ҳамин маъни ишора карда, худи шоир чунин мегӯяд:

Ҳаст девони шеъри ман аксар,
Ғазали ошиқони шайдоӣ,
Ё фунуни насоеҳ асту ҳикам,
Мунбаис аз шуури доноӣ.
Зикри дунон наёби андар вай,
К-он бувад нақди умрфарсоӣ.

Қасида дар девонҳои шоир ҷои дуюмро мегирад, ки миқдори онҳо 53-то мебошад. Қасидаҳои Ҷомӣ ҳаҷман хурд буда, аз 8 то 15 байтро ташкил медиҳанд. Мавзӯъҳои асосии онҳо масъалаҳои фалсафӣ, панду ҳикмат, шарҳи ҳол ва ғайраро дар бар мегиранд. Қасидаҳои «Луҷҷат-ул-асрор», «Ҷило-ур-рух» ва «Рашхи бол ва шарҳи ҳол» дар мавзӯъҳои боло суруда шуда, қимату арзиши зиёде доранд. Чунончи шоир дар қасидаи «Луҷҷат-ул-асрор» ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқӣ диққат дода, таъкид менамояд, ки ҷавононро аз кӯдакӣ бояд тарбия кард, ба роҳи рост ҳидоят намуд, зеро ба ақидаи шоир, ҷавонон ҳам ба мисли дарахтони навбарг ё ниҳоли нозук мешаванд. Агар ин ниҳолҳо аз хурди тарбия ёбанд, ҳосили аъло медиҳанд ва ҷавонон низ, чун ба камол мерасанд, корҳои нек ва судбахш хоҳанд намуд:

Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бе халал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.

Баъдан Ҷомӣ дар қасида таъкид мекунад, ки агар шахс соҳиби донишу камолот бошад, ҳеч гоҳ гадо нест, ӯ шоҳ аст:

Гар надорад Симу зар доно, манеҳ номаш гадо,
Дар бараш дил баҳри дониш, ӯ шахи баҳру бар аст.

Дар эҷодиёти Ҷомӣ рубои, қитъа, тарчеъбанд, таркиббанд, мураббаъ, фард дида мешаванд, ки онҳо аз лиҳози маъни ва санъати суханвари дар пояи баланд меистанд. Ҷомӣ дар рубоиёт ва қитъаоти худ бештар фикрҳои панду ахлоқии худро ифода кардааст. Чунончи, дар қитъаи зерин ба як масъалаи муҳими рӯзғори хеш дахл намуда, таъкид менамояд, ки инсон бояд меҳнатдӯст бошад. Ӯ бояд омӯхтан ва меҳнат карданро барои худ ор надонад, аз пайи номи падар нашавад, балки фазлу ҳунари худро дар назди мардум нишон диҳад. Агар ин сифатҳоро надошта бошад, мисли шохи беҳосили дарахти мевадор аст, ки он чун ҳезум аст:

Ҳар писар, к-у аз падар лофар, на аз фазлу ҳунар,
Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар гарчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наёрад мева бор, андар шумори ҳезум аст.

«Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ

Дар сарчашмаҳои илмию адабӣ оварда шудааст, ки теъдоди асарҳои назмиву насрии А.Ҷомӣ 54 адад мебошад. «Баҳористон», «Нафаҳот-ул-унс» ва «Муншаот» аз зумраи асарҳои насрии Абдураҳмони Ҷомӣ маҳсуб меёбанд. Мекӯшем, то оид ба асари Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ «Нафаҳот-ул-унс» ибрози андеша намоем. Асари тарҷумаиҳолии «Нафаҳот-ул-унс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад. «Нафаҳот-ул-унс-миқ-қударот-ул-қудус» (дар адабиёти илмию бадеӣ номи ихтисоршудаи он — «Нафаҳот-ул-унс» дида мешавад) асари насрӣ ва илмии Мавлоно Ҷомӣ буда, солҳои 1475—1476 бо забони тоҷикӣ таълиф гардидааст. Дар ин асар оид ба шарҳи ҳол ва тавсифи шайхони тасаввуфу шоирони асрҳои XIII ва XIV сухан меравад. «Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз асарҳои гаронбаҳотарини ирфонӣ ба ҳисоб рафта, бо хоҳиш ва тақозои Мир Алишери Навоӣ иншо шудааст. Асари мазкурро Абдураҳмони Ҷомӣ дар пайравии «Табақот-ус-суфия»-и Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ навиштааст, аммо асар аз ҷиҳати таркибу сохт ба «Тазкират-ул-авлиё»-и Фаридаддуни Аттор шабоҳат дорад. Калимаи «нафаҳот» арабӣ буда, маънояш бӯи хуш, роиҳа мебошад. Калимаи «унс» бошад, маънояш дӯстӣ, ошноӣ ва улфат мебошад. Ҳазрати Ҷомӣ мефармояд:

Мо надорем машоме, ки тавонем шунид,
В-арна ҳар дам вазад аз гулшани васлат нафаҳот.

«Нафаҳот-ул-унс» соли 1495 бо унвони «Насоим-ул-улд» аз ҷониби Мир Алишери Навоӣ бо забони ӯзбекӣ тарҷума гардидааст, инчунин, тарҷумаи англисию олмонии ин асар низ мавҷуд аст. Дар «Нафаҳот-ул-унс» доир ба мақому манзалати Мансури Ҳаллоҷ, Абӯсаиди Абӯлхайр, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абӯҳошими Сӯфӣ барин шайхони тариқат ва Фаридаддуни Аттор, Саноии Ғазнавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Низомии Ганҷавӣ, Камоли Хуҷандӣ, Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ барин шоирони мутаффаккир маълумоти гуногун пайдо кардан мумкин аст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар таълифи «Нафаҳот-ул-унс» аз «Рисолат-ул-кушайрия»-и Абӯлқосими Кушайрӣ, «Кашф-ул-маҳҷуб»-и Ҳаҷвирӣ истифода бурдааст, ки беҳтарин нусхаҳои хаттии ин асари гаронбаҳо дар китобхонаҳои шаҳри Душанбе ва Кобул нигоҳдорӣ мешаванд. «Нафаҳот-ул-унс» ёддошти пурқиммату арзандаест, баҳри тарбияи ахлоқу маънавият. Орифи бузург дар қисмати «Роҷеъ ба Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммад ал-Балхӣ-ар-Румӣ» менависад:

«Фармуд, ки суҳбат азиз аст… ва гуфт, ки дар ин маънӣ ҳазрати Худовандам Шамсиддин Табрезӣ фармуданд, ки аломати муриди қабулёфта он аст, ки аслан бо мардуми бегона суҳбат надорад ва агар ногоҳ дар суҳбате бегона афтад, чунон биншинад, ки мунофиқ дар масҷид ва кӯдак дар мактаб ва асир дар зиндон…»

— «Роҷеъ ба Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммад ал-Балхӣ-ар-Румӣ»

Ҷомӣ дар ин ҷо ситоиши ахлоқи ҳамидаву накӯҳиши ахлоқи разиларо овардааст, зеро худи ӯ орифи баркамол аст Дар «Роҷеъ ба Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ» оварда шудааст, ки

«…вай лисонулғайб ва тарҷумонуласрор аст. Басо асрори ғайбия ва маънои ҳақиқа, ки дар кисвати сурат ва либоси маҷоз намуда, ҳарчанд маълум нест, ки вай дасти иродати шере гирифт ва дар тасаввуф ба яке аз ин тоифа нисбат дуруст карда, аммо суханони вай бар машраби ин тоифа воқеъ шудааст, ки ҳеч касро ин иттифоқ наяфтода. Яке аз азизони силсилаи хоҷагон фармудааст, ки ҳеч девон беҳ аз девони Ҳофиз нест, агар марди суфӣ бошад ва чун ашъори вай аз он машҳуртар аст, ки ба эрод эҳтиёҷ дошта бошад, лоҷарам инони ҳилм аз он масруф мегардад».

— «Роҷеъ ба Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ»

Мавлоно Ҷомӣ, ки дар ирфон ва дар шарҳи маорифи суфия шуҳрату овозаи бисёр дошт, суфиёну фақеҳони Ҳирот ба вай ҳурмати беандоза доштанд.[4]

Сафарҳои Ҷомӣ

Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳаёти худ 7 маротиба ба сафар баромада, шаҳрҳои Самарқанду Тошканд, Форобу Марвро тамошо кардааст. Сафари охирин ва тӯлонии Ҷомӣ соли 1472 дар моҳи август оғоз ёфт. Ӯ шаҳрҳои Нишопур, Сабзавор, Бастом, Домгон, Қазвин, Ҳамадон, Бағдодро саёҳат карда, бо арбобони илму адаби ин шаҳрҳо вохӯрд, суҳбатҳо орост. Дар ҳар ҷо Ҷомиро иззату эҳтиром мекарданд. Ҷомӣ Макка ва Мадинаро зиёрат карда, соли 1473 ба Ҳирот бозмегардад. Поёни умри Ҷомӣ дар Ҳирот гузашт. Ӯ ба эҷод кардани асарҳои илмиву адабӣ батамом машғул буд. Як дақиқа вақти худро бекор намегузаронд. Танҳо ба мактаби адабии Ҳирот роҳбарӣ карда, ба шоирони ҷавон маслиҳатҳои муфид медод. Ҷомӣ дӯстони бисёр дошт, ки бо онҳо базми шеъру суруд меорост, сӯҳбатҳои дилангез мекард. Яке аз шогирдони беҳтарини Ҷомӣ Алишер Навоӣ буд. Муносибати онҳо на ҳамчун устоду шогирд, балки мисли ду дӯсти ҷонӣ, ду ҳамкору ҳаммаслак ба назар мерасид. Абдураҳмони Ҷомӣ оилаи хуб ва фарзандони лоиқ дошт. Вале се фарзанди адиб дар тифлӣ ва хурдсолӣ вафот карданд. Албатта, вафоти фарзандон қалби адибро ба шӯру ғалаён овард. Дар мотами фарзандон Ҷомӣ ашки ғаму ҳасрат рехт, оҳи ҷонсӯз аз дили пурсӯз баровард. Ӯ дар марги фарзандон марсияҳо сурудааст, ки дар онҳо сӯзу гудози падари доғдида басо муассир ифода ёфтааст:

Рехти хуни дил аз дидаи гирёни падар,
Раҳм бар ҷони падар н-омад, эй ҷони падар.
Навбаҳор омаду гулҳо ҳама рустанд зи хок,
Ту ҳам аз хок баро, эй гули хандони падар.

Аълохон Афсаҳзод дар бораи Ҷомӣ

Омӯзиши ҳаёту эҷодиёт ва афкори Абдураҳмони Ҷомиро Аълохон Афсаҳзод аз таҳқиқи «Лайлӣ ва Маҷнун»-и ӯ шурӯъ кард ва баъдан омӯзиши кулли эҷодиёти ӯро фаро гирифта, яке аз ҷомеашиносони маъруф дар доираҳои илмии Шарқу Ғарб шинохта шуд. Афсаҳзод дар бораи Ҷомӣ асарҳои таҳқиқии бис­ёре таълиф намудааст: «Рӯзгор ва осори Абдурраҳмони Ҷомӣ» (1980), «Таҳаввули афкори Абдураҳмони Ҷомӣ» (1981), «Лирикаи Абдураҳмони Ҷомӣ» (ба забони русӣ М., 1985), «Ҷомӣ — адиб ва мутафаккир» (1989), «Ҷомӣ — шоири ғазалсаро», «Нақд ва баррасии осору шарҳи аҳволи Ҷомӣ» (Т., 1999) ва ғайра Солҳои 60 асри XX Афсаҳзод дар ҳамкорӣ бо донишмандони Институти шарқшиносӣ осори Ҷомиро дар Душанбе дар панҷ ҷилд ва дар Теҳрон дар ҳафт ҷилд (ба алифбои арабии тоҷикӣ; 1999—2001) ба табъ расонд. Ин кори ӯ дар Эрон бо Ҷоизаи байналмилалии «Китоби сол» (2000) ва дипломи ёдгории «Баҳори озодӣ» қадр карда шуд.

Эзоҳ

Пайвандҳо