Type a search term to find related articles by LIMS subject matter experts gathered from the most trusted and dynamic collaboration tools in the laboratory informatics industry.
Ҳанг (форсӣ: هنگ) — ягоне тактикӣ ва идориву иқтисодӣ дар шохаҳову зершохаҳо ва ягонҳои вижаи нерӯҳои мусаллаҳи бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки хурдтар аз гунд буда ва маъмулан аз ду – чаҳор гурдон ташкил мешавад[1]; полк[2][3].
Истилоҳи «ҳанг» бо равиши пасинсозӣ (англ. back-formation) аз вожаи «сарҳанг» (порсии миёна: «sarhang» аз порсии бостон: *sar(a)- «сар» + √θang- «кашидан; ҳанҷидан, оҳехтан»[4]) сохта шудааст. «Сарҳанг» дар дастнавиштаҳои суғдӣ, ки аз садаҳои VIII — X милодӣ боз мондаанд[5], «srδ’nk; srδnng; srϑng» навиштаву [sarθang] хонда мешуда ва маънояш «фармондеҳ, сардор, сарҳанг, сарвар» будааст[6]. Дар порсии миёна низ «sarhang» ‘сардор, фармондеҳ’ буда ва ин маъниро дар форсии дарӣ низ нигаҳ доштааст[7]. Дар сипоҳи Сомониён ва Ғазнавиён сарҳанг сардору фармондеҳи фавҷ — бахше аз лашкарро мегуфтанд. Аз ин рӯ, аз дер боз «сарҳанг»-ро сохташуда аз ду вожа – «сар» (‘сардор’) + «ҳанг» (форсӣ: هنگ «сипоҳ, лашкар» > порсии миёна: hang «нерӯ, зӯр») шумурдаанд. Чунончи, фарҳанги «Ғиёсу-л-луғот», ки дар соли 1826 милодӣ навишта шудааст, ба нақл аз фарҳангу вожаномаҳои куҳантари «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» (1608), «Бурҳони Қотеъ» (1652), «Фарҳанги Рашидӣ» (1654), «Баҳори Аҷам» (1739), «сарҳанг»-ро чунин таъриф кардааст: «Кӯтвол ва ваҷҳи тасмия он, ки сар ба маънии сардору амир ва ҳанг ба маънии сипоҳ»[8]. «Фарҳанги Онандроҷ» низ, ки дар соли 1888 дар Ҳинд таълиф шудаву яке аз беҳтарин фарҳангҳои форсӣ аст, дар таърифи «сарҳанг» овардааст: «сардору пешрави лашкару сипоҳ, чи ҳанг ба маънии сипоҳ низ омада». Ҳамин таъриф дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» низ оварда шудааст[9].
Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш дар соли 1935 «ҳанг» ва «сарҳанг»-ро ҷойгузини истилоҳоти арабии «фавҷ» ва фаронсавии «кулунел» (форсӣ: کلنل > фр. colonel) ва «режимон» (форсӣ: رژیمان > фр. régiment) кард[10]. «Ҳанг» дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» низ ба маънои «сипоҳ, лашкар, полк» оварда шудааст[11]. Аз ин рӯ, истилоҳоти «ҳанг» ва «сарҳанг» барои ҷойгузин кардани вомвожаҳои русии «полк» ва «полковник» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[12].
Ҳанг ҳамчун ягони размӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву «ҳазора» (порсии бостон: *hazāra-) номида мешуда ва онро «ҳазорабад» (порсии бостон: *hazārapati-) фармондеҳӣ мекард[13]. Ҳазора аз 10 сада (порсии бостон: *θata-) ташкил мешуд ва 1 000 сарбозро дар бар мегирифт. Ҳар ҳазора ё ҳанг барои худ дирафш (порсии бостон: «drafša-») дошт[14]. Аз ин рӯ, дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[15], ҳазора «дирафш» (порсии миёна: drafš) ном гирифта ва сардори он «дирафш-солор» (порсии миёна: drafš-sālār) хонда мешуд[16]. Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар дирафш аз ду вашт (порсии миёна: «wašt») ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбозро дар бар мегирифт[17].
Дар паи шикасти шоҳаншоҳии Сосониён аз мусулмонон ва густариши ислом дар Эронзамин, арабҳо бархе аз истилоҳоти низомии эрониро вом гирифтанд ва бархеро низ бо истилоҳоти арабӣ ҷойгузин карданд. Чунончи, ар. «عسکر» [аскар] аз порсии миёна: laškar, ар. «جند» [ҷунд] аз порсии миёна: gund ва ар. «فیج» [файҷ] аз порсии миёна: payg (пиёда) вом гирифта шудаанд[18], вале «дирафш» ҷояшро ба «фавҷ» (ар. فوج) додааст.
Бархе аз истилоҳоти низомии порсии миёна дар сипоҳи Сомониён (819 — 999) низ ба кор мерафтанд, ки бузургвор Фирдавсӣ онҳоро дар «Шоҳнома» овардааст. Чунончи, сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Сомониён «сипаҳсолор» (форсӣ: «سپهسالار») ва фармондеҳи фавҷ «сарҳанг» (форсӣ: «سرهنگ») номида мешуданд[19]. Сарҳанг ҳамакнун яке аз дараҷаҳои афсарӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва баробар бо полковник дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст.