Type a search term to find related articles by LIMS subject matter experts gathered from the most trusted and dynamic collaboration tools in the laboratory informatics industry.
Повест (русӣ, қисса, ривоят, нақл) — як намуди ҷинси эпикии ҳикоявӣ аст. Дар ҳикоя як воқеа, дар повест чанд воқеаи пайдарҳами саргузашти касе тасвир меёбад. Повест якчанд персонаж дорад, ки онҳо дар атрофи қаҳрамони асосии асар гирд омадаанд. Аз ин гуфтаҳо хулоса мебарояд, ки тасвири воқеа дар повест аз ҳикоя васеъ, вале нисбат ба роман тангтар аст.
«Одина»-и Садриддин Айнӣ, «Тори анкабут»-и Ҷалол Икромӣ, «Субҳи ҷавонии мо»-и Сотим Улуғзода, «Камони Рустам»-и Саттор Турсун ва ғайра намунаҳои барҷастаи повест дар адабиёти тоҷик ба ҳисоб мераванд.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |