Search for LIMS content across all our Wiki Knowledge Bases.
Type a search term to find related articles by LIMS subject matter experts gathered from the most trusted and dynamic collaboration tools in the laboratory informatics industry.
Ягоне аз артиллерия, ки чаҳор тӯпу тӯпандозҳову размафзорашонро дар бар мегирад ва «батарея» ном дорад, дар Эрон «оташбор» ва дар Афғонистону Тоҷикистон «батарея» номида мешавад[4]. «Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ» истилоҳи «оташбор»-ро баробари англ.«battery¹» ниҳодаву чунин таъриф кардааст:
Оташбор: ягоне роҳкунишӣ ва иҷроӣ дар воҳидҳои тӯпхона, ки дар ягонҳои пиёда ва соири растаҳои низомӣ муъодили гурӯҳон аст[5].
«Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» «оташбор»-ро сифат ва «оташфишон» таъбир карда ва «оташборон»-ро исм ва «ҳадафи тири зиёд қарор додан ҷоеро», ки аз феъли «оташ боронидан» ба маънои «аз ҳар тараф ва пайи ҳам тир андохтан, тирборон кардан» сохта шудааст[6].
Ҳамин вожа реша гирифта ва бо часпондани пасванди «-гон», ки дар истилоҳсозӣ барои нишон додани гурӯҳе аз падидаҳои яксону ҳамгун ба кор меравад, вожаи «оташборгон» сохта шуд:
Оташборгон = маҷмуъе аз оташборҳо = батареяҳо = артиллерия
Намудҳои оташборгон
оташборгони абарсангин
оташборгони бузургкалибр
оташборгони дурбурд
оташборгони калонкалибр
оташборгони хурдкалибр
оташборгони худравкаш
оташборгони оҳанроҳӣ
оташборгони аспкаш
оташборгони мутуркаш
оташборгони пуштибонии мустақим
оташборгони пуштибонии умумӣ
оташборгони падофанди ҳавоӣ: ҷангафзорҳо ва таҷҳизоте, ки аз замин барои сарнагуну нобуд кардани ҳадафҳои ҳавоии душман ба кор мераванд
оташборгони захира
оташборгони захираи фармондеҳии кулл
оташборгони тарфиқӣ
оташборгони вижа
оташборгони миёнакалибр
оташборгони тақвият
оташборгони артишӣ
оташборгони атомӣ
оташборгони гурдонӣ
оташборгони соҳилӣ
оташборгони кашишӣ
оташборгони роҳкунишӣ
оташборгони ёрирасон
оташборгони лӯлакӯтоҳ; тӯпвор
оташборгони бехон
оташборгони кӯҳистонӣ
оташборгони дурзан
оташборгони лашкарӣ
оташборгони ҳавогардзан
оташборгони нов
оташборгони сипоҳӣ
оташборгони сайёр
оташборгони сабук
оташборгони хурдкалибри ҳавогардзан
оташборгони дарёӣ
оташборгони мутурӣ
оташборгони заминӣ
оташборгони хондор
оташборгони пуштибон
оташборгони саҳроӣ
оташборгони ҳанг
оташборгони маъмур
оташборгони падофанди ҳавоӣ: ҷангафзорҳо ва таҷҳизоте, ки аз замин ба ҳадафҳои ҳавоӣ тирандозӣ мекунанд
оташборгони танкзанӣ
оташборгони лӯладароз
оташборгони мушакӣ
оташборгони мушакандоз
оташборгони худкашишӣ; худгард
оташборгони ҳавогардзани миёнакалибр
оташборгони лӯлаӣ
оташборгони сангин
оташборгони созмонӣ
Адабиёт
Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2000. — Т. 1 (a—ā). — 328 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018125-0. (в пер.).
Персидско-русский и русско-персидский военный словарь [Текст] : [Около 20 000 терминов] / Сост. канд. филол. наук Г. Г. Алиев ; Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. – Москва : Воениздат, 1972. – 655 с.
↑Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2000. — Т. 1 (a—ā). — 328 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018125-0. (в пер.). – с. 321
↑Персидско-русский и русско-персидский военный словарь [Текст] : [Около 20 000 терминов] / Сост. канд. филол. наук Г. Г. Алиев ; Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. – Москва : Воениздат, 1972. – 655 с.; – с. 326
↑Персидско-русский и русско-персидский военный словарь [Текст] : [Около 20 000 терминов] / Сост. канд. филол. наук Г. Г. Алиев ; Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. – Москва : Воениздат, 1972. – 655 с.; – с. 335