Effects of the storage conditions on the stability of natural and synthetic cannabis in biological matrices for forensic toxicology analysis: An update from the literature
Муҳтавоҳо
Деҳа | |||
|
|||
Кишвар | Тоҷикистон | ||
Вилоят | Суғд | ||
Ноҳия | Исфара | ||
Ҷамоат | Деҳоти Ворух | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Масоҳат |
|
||
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 | ||
Аҳолӣ | |||
Аҳолӣ | 45000 тан (2022) | ||
Миллият | тоҷикон | ||
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб | ||
Забони расмӣ | тоҷикӣ | ||
Шиносаҳои ададӣ | |||
Пешшумораи телефон | +992 3462 | ||
Нишонаи почта | 735932 | ||
Коди мошин | 02 | ||
|
|||
t.me/vorukh22 | |||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ворух (суғ. Wārōx > эронии бостон: *vāra «диж»[1]) — деҳае дар ноҳияи Исфара ва маркази ҷамоати деҳоти Ворух аст. Аз Ворух то маркази ноҳия 44,7 км, то маркази вилоят 154 км, то шаҳри Душанбе 468 км роҳи асфалтпӯш аст.
Ҷуғрофиё
Ворух 44, 7 км ҷанубтари шаҳри Исфара воқеъ буда, дар тарафи соҳили рости д.-ҳои Кишамбиш ва Карафшин зиёда аз 5-6 км тӯл кашидааст. Майдони умумии Ворух 38044 га мебошад. Аз се самт бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад аст.
Мардум
Сол | 2010[2] | 2020[3] |
Аҳолӣ | 10 598 | 12 110 |
Вожашиносӣ
Деҳаи Ворух баъд аз Тамоҳуш ва Бамкахуш (қасабаҳои қадими Исфара) севвумин маркази таърихию фарҳангии водии Исфара мебошад. Вожаи Ворух аз «вара»-и форсии қадим гирифта шуда, маънии «қалъа», «мавзеи бо девор иҳоташуда»-ро дорад. Аз сабаби дар мобайни кӯҳҳо ҷой гирифтан Ворух номгузорӣ шудааст. Ба ақидаи авестошиносон калимаҳои Воруба раштӣ ва Воруҷа раштӣ ба Ворух пайвастагӣ доранд: «Дар Авесто сухан аз ҳафт кишвари яздонӣ меравад, ки дар замони тӯфони ҷаҳонӣ наҷотгоҳи башар маҳсуб мешуданд. Он ду кишвари шимолӣ бо номҳои Воруба раштӣ ва Воруҷа раштӣ бо Румон чун наҷотгоҳ ситуда шудаанд ва дар замони Фаридун номи ин ду кишвар ба Саразм табдил ёфт. Ворӯи Панҷакенти имрӯза, Ворухи ноҳияи Исфара ва Румони н. Бобоҷон Ғафуров дар Авесто бо номи ҳиндуаврупоӣ башорат медиҳад». Ҳамзамон дар «Гӯри муғ»-и Ворух пайкараи кӯчаки аз гач сохташудаи зан бозёфт шудааст ва тахмин меравад, ки шояд ин пайкараи яке аз наҷотдиҳандагони дигари башарият, фариштаи обҳои биҳиштӣ Аредвисура Анаҳито (нигаҳбони обҳои осмонӣ) бошад. Чунин номҳо далели онанд, ки замоне дар Ворух зардуштия ривоҷ ёфтааст ва номи Ворух низ метавонад аз он давра омада бошад.
Таърих
Ҳудуди имрӯзаи Ворух то асрҳои 1-2 м ба ҳайати Даван дохил мешуд, ки марзи водии Фарғонаро дар бар мегирифт. Аз ёфт шудани баъзе осори аҳди Кушонӣ (муҳр) ва Ҳайтолиҳо (тобути чӯбӣ) дар Ворух метавон ба хулосае омад, ки қасабаи Ворух дар ҳайати ин давлатҳо дохил буд. Дар асрҳои 11-12 ноҳияи Исфара ва Ворух чун дигар ноҳияҳои водии Фарғона ба ҳайати давлати миллии тоҷикон — Сомониён дохил шуд. Дар асрҳои 11-12 сарзамини Ворух зери салтанати Қарахониён қарор дошт. Катибаи дар кӯҳпораи даромадгоҳи Тангии Ворух бозёфтшуда, ки садсолаҳо пеш шахси номаълуме рӯйи санг ҳаккокӣ кардааст, аз қадимӣ будани ин сарзамин шаҳодат медиҳад. Аз ҷумла дар он омадааст: «Катибаи мазкур рӯзи сешанбе, якуми моҳи ҷимодиюлаввали соли 413 ҳиҷрӣ бо фармони ҳокими Исфара Саид Муиззуддавлаи одил, писари амир Наср, писари Алӣ Саидхони шарафманд, ки ӯ мурид ва пешвои дини мубини ислом аст, навишта шудааст. Ӯ умед дорад, ки Худованд шарафу шуҳрати ӯро баланд гардонад, гуноҳҳои ӯро мағфират намояд ва ба дидори пешво ва пайғамбри дини ислом Муҳаммад (с) муяссар ва мушарраф гардонад. Ва мепурсад, ки марғзору киштзору сарзамини ӯро, аҳлу наздикони ӯро Худованд шарафманд гардонида, дар паноҳи исматаш нигоҳ дорад».
Дар «Бобурнома»-и Заҳируддини Бобур низ доир ба Исфара дар асрҳои 15-16 маълумот дода, аз Ворух низ ном бурда шудааст: «Дар кӯҳпоя воқеъ аст. Обҳои равон, боғчаҳои босафо дорад. Дарахтони босамараш бисёр, вале бештари боғчаҳояш дарахти бодоманд. Мардумаш тамом сорт ва кӯҳӣ, форсигӯянд. Вилояти Исфара чор қисм кӯҳпоя аст: яке Исфара, дигаре Ворух, сеюм Сух, чорум Ҳушёр».
Аз соли 1870 давраи нави афзоиши аҳолии маҳаллии Ворух оғоз мешавад. Хусусияти асосии ин давра якбора зиёд шудани аҳолии маҳаллӣ аз ҳисоби муҳоҷирони қаротегинӣ ва мастчоҳӣ буд. Маҳз дар ҳамин давра берун аз ҳудуди маркази таърихӣ маҳаллаҳои нав ташкил ёфтанд. Маҳаллаи Қалъача ва Гузар куҳнатарин маҳаллаҳои Ворух ба ҳисоб рафта, баъдтар маҳаллаҳо бо мурури вақту замон васеъ шуданд. Як қисмати аҳолии деҳаи Ворух ба ҳудудҳои шимолӣ кӯчидаанд. Мас., ба деҳаҳои Лаккон, Пирдевак, Зархоки Исфара, Конибодом ва Қӯқанд. Аз ҷиҳати антропологӣ тоҷикони Ворух бо тоҷикони Чоркӯҳ, Сух ва деҳоти Ашт хеле наздиканд.
Омӯзиши комили таърихи Ворух дар давраи шӯравӣ оғоз ёфта, то ҳол давом дорад. Дар омӯзиши таърихи ин деҳа саҳми олимони шӯравӣ А. П. Федченко, Б. А. Литвинский ва Е. А. Давидович бузург аст. Ковишҳои бостоншиносии солҳои 50 садаи XX, ки бо сарварии Б. А. Литвинский дар Ворух сурат гирифтаанд, бисёр саҳифаҳои таърихи ин деҳаро равшан намуданд. Дар ин давра ёдгориҳои археологӣ, пуштаҳои гӯри чорводорону кишоварзон, ки аҳолии маҳаллӣ «Гӯри муғ» мегӯянд, мавриди таҳқиқи илмӣ қарор гирифт. Ин ковишҳо дар Ворух собит намуданд, ки дар миёнаҳои ҳазорсолаи якуми пеш аз м., ибтидо ва миёнаҳои ҳазорсолаи якуми м. дар ин деҳаи кӯҳӣ дар қатори кишоварзони муқимӣ чорводорони зиёде низ паҳлуи ҳам зиндагӣ ба сар мебурдаанд. Ҳангоми ковишҳо аз ин гӯр — қӯрғонҳо зарфҳои гуногуни нафиси кулолӣ, осори заргарӣ ва дигар маснуоти ҳунарӣ дарёфт гардиданд, ки маҳсули устоҳои таҳҷоии муқимӣ буданд. Ин ашёи нафиса аз равобити доимии иқтисодии байни тоифаи аҳолии чорводор ва кишоварзон гувоҳӣ медиҳанд. Таҳқиқоти антропологии олими рус Т. П. Кияткина ғайричашмдошти баъзе довталабони равияи пантуркистӣ нишон дод, ки аҳолии чорводор аз рӯйи нажоду насаб ва забон аз сокинони муқимӣ фарқ намекарданд ва ба ирқи брахистефали аврупоӣ, ки тоҷикон низ марбут ба ин ирқанд, тааллуқ доштанд. Мувофиқи хулосаи муваррихи рус Ворух И. Бушков дар асри 2 м дар ҳудуди деҳа тақр. 100—120 нафар одам зиндагӣ мекард, ки онҳоро метавон ҳамчун як авлод ва ё қабила муаррифӣ кард. Умуман, ҷойгиршавии аҳолӣ дар ин ҳудуди Фарғона аз шимолу шарқ оғоз шуда, ба ҷанубу ғарб идома меёбад, ки дар раванди он чорводорон баландкӯҳу чарогоҳҳои нав ба навро аз худ менамоянд. Дар асрҳои миёна ин раванд баръакс мегардад ва муҳоҷирон аз болооби Зарафшон ва Қаротегин ба шимолу шарқ, ки дар давраи дури таърихӣ ватани аслиашон буд, мекӯчанд. Ҳам дар Ворух ва ҳам дар водии Сух аҳолии Қаротегину Мастчоҳ маскан мегузинанд.
Ворух яке аз қадимтарин масканҳои аҷдоди халқи тоҷик буда, аз мавзеъҳои Пули Офтобрӯ, Лар, Заминун, Кех, Шахи Сафед, Тамлик, Чакак, Нови Ағва, Қалъаи Бақо, Хоҷаи Имом, Бодомча, Хоҷаи Ғор, Шолидаврон, Лочин, Беди Каҷ, Тангии Ворух иборат аст.
Ёдгориҳои таърихӣ
Аз ёдгориҳои таърихӣ дар ҳудуди Ворух Масҷиди Сурх, Масҷиди Домулло Азим, Мавлоно Саид, Мазори Сутуни Тофта ё Сутуни Ғайбӣ, Мазори Хоҷаи Балогардон, Мазори Чимирғон Бобо ё Шибирғонӣ, Мазори Қаршӣ ё Лори Ширхона, Гаҳвораи Заррин, Мазори Хоҷаи Ғор, Хӯҷаи Имом, Хоҷаи Чорсанг Бобо боқӣ мондаанд. Аҳолии деҳа аз авлоди Домуллотухмиҳо, Мирзоҳо, Хӯҷаҳо, Тӯраҳо, Эшонҳо, Сайидҳо, Махсумҳо, Қориҳо мебошанд.
Маҳаллаҳо
Ворух дорои маҳаллаҳои Гузар, Қалъача, Майдон, Сари Қурум, Тидон, Сари Дашт, Хушобод, Боғдорӣ, Кӯчаи Боло, Масҷиди Боло, Кӯчаи Қозӣ, Қишлоқ, Таги Маҳалла, Сари Канда, Тоҷикон, Ҷӯйи Дам, Кодон, Навобод, Чакак мебошад.
Иқтисод
Дар Ворух Ташкилоти хурди қарздиҳии Ворух, Кооперативи истеҳсолии Ворух, 121 хоҷагии инфиродӣ (3596 нафар саҳмдор), корхонаи коркарди меваи «Шарбат» фаъолият доранд. Ворух 10 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей, 1 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо равияи техникӣ, 5 дорухона, 5 бунгоҳи тиббӣ, 3 маркази саломатӣ, беморхона, дармонгоҳ, 3 китобхона, қасри фарҳанг (дорои 600 ҷой), нуқтаи хидмати маишӣ, шуъбаи алоқа, гармоба, 2 бозор, ошхонаҳо, боғчаи бачагон, 15 нуқтаи савдои хусусӣ, 5 чойхона, 15 масҷиди панҷвақта ва 1 масҷиди ҷомеъ, осорхонаи таърихӣ (дар ҳудуди мактаби 23, таъсисдиҳанда омӯзгор Б. Холматов) дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: картошкапарварӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз д.-ҳои Карафшин ва Кишамбиш обёрӣ мешаванд.
Шахсиятҳои маъруф
Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ М. Қурбонов, ходимони давлатию сиёсӣ Абдулло Раҳимов, М. Нарзибеков, И. Розиқов, М. Розиқов, Б. Ғоибназаров, Б. Азимов, А. Раҳимов, А. Амакҷонов, Т. Сангинов, И. Усмонов, И. Хоҷаев, К. Каримов, У. Бобоев, А. Шомирсаидов, М. Исломиддинов, З. Воситов, З. Зоидбоев,Р. Тешаев. Ф. Пулотов. И. Нодиров. П. Хусейнов. нависандагон Валӣ Самад, Додохони Эгамзод, Абдуваққос Юсуфӣ, Абдувалии Даврон, шоирон Абдусамеъ Қуддус, Нарзуллои Азизиён, докторони илм Б. Саидаминов, А. Тешаев, А. Муҳиддинов, Р. Таскинбоев, Ҳ. Юлдошев, А. Давронов, А. Азимов, Ф.Муқаддасзода (Ҳаёхоҷаев), Солиев Слеҳҷон, журналистони шинохта Х. Зулфиқоров, А. Тулаков, Б. Расулзода, Л. Камолиддинов, С. Махкамов, С. Сайфиддинов, И. Тешаев (И. Илёсзода) оҳангсоз З. Зулфиқоров, сардори нахустини маркази обуҳавосанҷӣ Д. Абдулҳақов, ходимони дин (хатмкардагони мадрасаи Бухоро) бародарон Домулло Хоҷаназар валади Фозилмахсум валади Абдулмуъминбой ва Муллохолмат, М. Мукаррамов, бародарон Амир ва Абумуслим Тоҳиров, Домулло Собит Саидов, Сафохон Махсум Қаландаров, Домуллоумар Сулаймонов дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд.
Низ нигаред
Эзоҳ
- ↑ Лурье П. Б. Историко-лингвистический анализ согдийской топонимики (рус) // Дисс. на соиск. уч. ст. канд. фил. наук. — СПб., 2004. — С. 79.
- ↑ Wayback Machine. web.archive.org (11 октябри 2017). 23 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2017.
- ↑ Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020(рус.). 30 марти 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
- Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Д., 1998;
- Литвинский Б. А., Давидович Е. А. Археологический очерк Исфаринского района. Сталинабад, 1955;
- Литвинский Б. А., Давидович Е. А. Предварительный отчет о раскопках курганов в Ворухе (Исфаринский район) в 1954 г. Сталинабад. 1956;
- Авеста. Избранный гимны/ Пер. с авест. и коммент. профессор И. М. Стеблин-Каменского; предисл. профессор В. А. Ливщица. Д., 1990;
- Исфаранома. Д., 2004;
- Бушков В. И. Особенности формирования населения юго-западной Ферганы (на примере Исфаринского района Согдийской области Республики Таджикистан)//Ферганская долина: этничность, этнические процессы, этнические конфликты. М., 2004;
- Тожиев Э. И. Вопросы истории и культуры таджикского народа в трудах академика Б. А. Литвинского (на примере северного Таджикистана). Д., 2012.
Сарчашма
- Ворух / А. Азимов, Л. Махкамов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2